Дар соли 2015 теъдоди кафедраҳои ДМТ зиёд шуд
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Соли 2015 бо мақсади мувофиқ сохтани сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба талаботи тағйирпазирии ҷомеа ва мақоми донишгоҳ сохтори комилан нави идоракунии донишгоҳ таҳия ва бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуд. Аз ҷумла, дар заминаи факултети тиббию фармасевтӣ факултетҳои тиббӣ ва фармасевтӣ ташкил шуд, ки дар сохтори таркибии факултети тиббӣ кафедраҳои ташхисӣ-функсионалӣ ва озмоишогоҳи клиникӣ, бемориҳои сироятӣ ва эпидемиологӣ ташхисӣ-функсионалӣ ва озмоишогоҳи клиникӣ, морфологӣ, ҷарроҳӣ ва терапия таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар заминаи кафедраи «Забонҳои хориҷӣ»-и факултети муносибатҳои байналхалқӣ кафедраҳои тахасусии «Забонҳои аврупоӣ бо фарогирии забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ» ва «Забонҳои Шарқ бо фарогирии забонҳои арабӣ ва чинӣ» таъсис шуданд.
Дар ин бора ректори Донишгоҳи миллӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






