Ҷ. Давлатов: 22,5 фоизи теъдоди хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд

Январь 12, 2016 11:15

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “То 1 октябри соли 2015 дар мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 704 нафар буда, аз ин шумора 4 ҳазору 214 нафар ё 22,5 фоизро занон ва 8 ҳазору 49 нафар ё 43,0 фоизро ҷавонони то 35- сола ташкил медиҳанд”,-гуфт директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба маълумоти агентӣ, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ 283 нафар афзудааст.
“Ҳоло 5 ҳазору 632 нафар хизматчиёни давлатӣ дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, аз ин шумора 1 ҳазору 51 нафар ё 18,6 фоиз занон ва 1 ҳазору 313 нафар ё 23,3 фоиз ҷавонони то 35 — сола мебошанд. Шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 23 нафар ё 0,1 фоиз, теъдоди ҷавонон 136 нафар ё 2,1 фоиз зиёд гардидааст”,-илова намуд директори агентӣ.

Январь 12, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст