ДМИТ: Имкониятҳои нави истифодаи технологияҳои инноватсионӣ
Душанбе,12.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар маҳфил масъалаҳои назария ва амалияи равандҳои бозомӯзии технологияҳои инноватсионӣ, заминаҳои мафкуравии илмию омӯзишӣ, роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои тараққиёт ва дарёфти роҳҳои пурсамари шабакаҳои мобилӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва истифода бурдани таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам дар ин самт пешниҳод гардонида шуд.
Бо ҳамин мақсад дар маҳфил таҳти унвони «Таҷрибаи идоракунии технологияҳои муосири Ҳиндустон ва истифодаи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои сардори Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ А.Наҷмиддинов ва мутахассиси марказ С.Мараҷабов, ки дар сафари хидматӣ дар Ҳиндустон қарор доштанд, шунида шуданд.
А. Наҷмиддинов иброз дошт, ки асоси ташаккул додани рушди шабакаҳои технологияҳои инноватсионии Ҳиндустон- ин мутобиқшавӣ ба моделҳои нави шабакаҳои мобилӣ ва вобастакунии имкониятҳои таъмингардонии идоракунии марҳилавии онҳо дар хизматрасонӣ бо механизм ва фишангҳои миллиашон мебошад.
С.Мараҷабов бо назардошти вазъи бозомӯзии навигариҳои технологӣ зикр намуд, ки ин гуна вазъият низ ҷиҳатҳои омӯзиширо дорост. Дар ҷараёни сафарбарнамоии вазифаҳои технологияҳои мобилии Ҳиндустон ба назар мерасад, ки дар рушди инноватсионӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Сари ҳар қадам аз тарафи онҳо риояи баланди самаранокӣ ба назар мерасад. Дар ҳамин асос баланд бардоштани мақоми технологияҳои муосир ва пеш гирифтани роҳҳои мукаммалгардонидашуда ба роҳ монда шудааст.
Дар маҳфил ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи рушди технологияҳои инноватсионии кишвар бо дараҷаи сифатан нави пеш гирифтани дараҷаи бозсозиҳо ва омӯзиши онҳо дар сатҳи байналхалқӣ баррасӣ гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






