ДСРТ: 32 донишҷӯ ба кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил фиристода шуданд

Январь 14, 2016 11:59

Душанбе, 14.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 32 донишҷӯ барои иштирок дар чорабиниҳои гуногун ба шаҳрҳои мухталиф фиристода шуданд,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ имрӯз Нуралӣ Солеҳов, ректори ДСРТ. Аз ин шумора 3 нафар ба Калининград, 3 нафар ба Екатеринбург, 5 нафар ба Чин, 3 нафар ба Алмаато, 2 нафар ба Томск, 1 нафар ба Владивасток, 3 нафар ба Белгоград сафарбаргар гардиданд.
Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСРТ қабули шаҳрвандони хориҷӣ аст. То моҳи декабри соли 2015 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки дар ДСРТ таҳсил менамоянд, 146 нафарро аз 11 кишвари ҷаҳон ташкил дод, ки онҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Эстония буданд.
Инчунин дар ин марҳала 19 корманди ДСРТ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафари корӣ дошта, дар конфроснҳо, семинару тренингҳо иштирок намуданд ва аз такмили ихтисос гузаштанд.

Январь 14, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид