Э. Раҳмон: Дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ бояд ба се самти асосӣ аҳамияти хосса дода шавад

Январь 20, 2016 11:14

Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунаи мо, бинобар номутавозин будани истеҳсоли ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба содирот то ба ҳол зиёд аст. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ: ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо аҳамияти хосса дода шавад.
«Бо ин мақсад роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат пешниҳод кунанд»,-илова намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид барои васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла, ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот, бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ шавад.

Январь 20, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд