Э. Раҳмон: «Соли 2015 дар маҷмӯъ соли бобарор буд, вале соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон душвор хоҳад буд»

Январь 21, 2016 09:18

Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар маҷмӯъ соли бобарор номида, таъкид дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли душвор хоҳад буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ҳушдор додан аз  давлату Ҳукумат ва ҳар шахси масъул даъват кард, ки барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин дигар захираҳои моддию техникӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар пайваста чораҳо амалӣ карда шаванд.

Январь 21, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон