Х. Абдураҳимов: Бар асари офатҳои табиӣ 38 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бар асари офатҳои табиӣ 38 (с.2014-31) шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид. Талафоти ҷонии бештар имсол дар минтақаи Ҳисор 15 нафар, вилояти Бадахшон 11 нафар, вилояти Суғд 9 нафар ва дар Рашт 3 нафар ба қайд гирифта шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ироа намуд.
Бино ба иттилои кумита дар вилояти Хатлон бар асари ҳолатҳои фавқулодда ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Дар натиҷаи фаромадани ярч 10 нафар ҳалок гардидааст. Раъду барқ сабабгори ҳалокати 9 нафар ва омадани сел сабабгори фавти 9 нафари дигар шуд.
«Бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2015 ҷамъ 1 ҳазору 121 хонаи истиқоматӣ зарар диданд, ки аз онҳо 331 хона корношоям арзёбӣ гардиданд. Зарари моддӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дар соли 2015- 325 млн. 639 ҳазору 200 (с.2014-41 млн 504 ҳазору 600) сомониро ташкил дод»,-илова намуд раиси кумита.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






