Хатлон: Соли 2015 30 тонна зиёд моҳӣ истеҳсол гардид

Январь 21, 2016 10:07

Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Хатлон соҳаи моҳипарварӣ рушд намуда, фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол густариш меёбад. Ҳоло дар вилоят теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 150 адад расида, масоҳати умумии ҳавзу кӯлҳо 1780 гектарро ташкил медиҳад.
Соли 2015 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1525 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 30 тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шудааст. Боиси хушҳолист, ки хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят тибқи барномаи мазкур нақшаи истеҳсоли моҳиро дар соли 2009 105%, соли 2010 132%, соли 2011 126%, соли 2012 91%, соли 2013 122%, соли 2014 173% ва соли 2015 145% иҷро намудаанд.

Январь 21, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст