Хуҷанд: фаъолшавии 45 коргоҳ дар соли 2015
Хуҷанд, 04.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар давоми соли 2015 дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд 45 корхонаи нав таъсис ёфта, 620 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар шаҳр дар давоми соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна дар умум ба 166 адад расид, ки он нисбат ба соли 2014 ба миқдори 15 адад зиёд аст.
Дар натиҷаи фаъолияти мунтазам, корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2015 ба миқдори 575,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 — 29,2% афзудааст. Инчунин дар соли сипаригашта аз тарафи корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 84,0 млн. сомонӣ маҳсулот содирот шудааст.
Ҳамзамон барои рушди соҳаи саноат ва иҷрои барномаҳои давлатии «Барномаи коркарди нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» дар соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд 7 корхонаи саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият намуда, дар давраи соли гузашта аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 1185 тонна нахи пахта коркард шудааст.
-Бояд гуфт, ки баҳри омӯзиши маркетинги бозорҳои хориҷӣ, пайдо намудани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, пешниҳоди маҳсулоти саноатии ватанӣ ба хориҷи кишвар, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ ба давлатҳои дуру наздик коргоҳҳои саноатии шаҳр дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ дар Фаронса, Итолиё, Олмон, Русия, Чин ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, барои бастани шартномаҳо, воридоти технологияи нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак кор бурда истодаанд, — афзуд манбаъ.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






