Хуҷанд: Кумакҳои моддӣ ба 2254 ҷавони ниёзманд
Хуҷанд, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар давоми соли 2015 дар арафаи иду ҷашнҳо ба 2254 ҷавони ниёзманд кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Зариф Мирдадоев, сардори раёсат зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки барои таъмин намудани ҷавонон бо ҷои корӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд ва соли гузашта 3891 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Вай ҳамчнин афзуд, ки барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун дар ин давра 2498 нафар ба касбомӯзӣ фиристода шуданд.