Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иловаҳои нав)
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин ҳисооботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзур карда шавад.
Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмидинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Нурмуҳаммадзода Ҷамшед дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи Барқи тоҷик Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафарзода, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд.






























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






