Ҷиргатол: Дар соли 2015 маҳсулоти кишоварзӣ 255 млн. 972 ҳазор сомониро ташкил намуд
Ҷиргатол, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти омории ноҳияи Ҷиргатол дар соли 2015 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ 255 млн. 972 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар соли 2014 249 млн. 51 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 6 млн. 921 ҳазор сомонӣ зиёд аст, яъне 103 фоизро ташкил менамояд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» ва бо назардошти андози иҷтимоӣ ва ғайрибуҷетӣ нақшаи солонаи воридоти андозҳои давлатӣ дар ҳаҷми 105,6 фоиз таъмин шудааст ва ба ҷойи 9 млн 524 ҳазору 364 сомонӣ ба буҷет 10 млн. 58 ҳазору 239 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида ба маблағи 533 ҳазору 875 сомонӣ зиёд мебошад.