КҲФ: 183 шаҳрванд ҳангоми шиноварӣ дар дарё ва кўлҳо ҳалок гардиданд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кўлҳо 183 (с.2014-112) шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардид, ки 40 нафари онҳо кӯдакони то 10 сола, 32 нафар то 17 сола ва 111 нафар аз 17 сола боло мебошанд»,- гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Хайриддин Абдураҳимов имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар соли 2015 қувваю воситаҳои кумита дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ва расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон фаъолона иштирок намуданд.
«Дар вилояти Бадахшон аз сабаби аз меъёр зиёд боридани барф аз як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ (Наводак, Шош-Хоруғ ва Гулобод) бо кумаки дастаҳои наҷотдиҳии ситоди ноҳиявӣ 57 оила- 272 нафар ба маҳаллаҳои бехавф кўчонида шуданд»,-илова намуд раиси КҲФ ва МГ.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






