КҶВС ба маъюбон аробачаи маъюбӣ ва мошинаи дарздузӣ тақдим намуд
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба 26 ниёзманди ҷавон дар ҳаҷми 28500 сомонӣ кумаки молиявӣ ва ба маъюбону шахсони соҳибистеъдоди эҳтиёҷманд кумаки моддӣ, ба монанди аробачаи маъюбӣ ва мошинаи дарздузӣ тақдим намуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ироа намуд.
Бино ба иттилои роҳбари кумита, ҳамчунин, ба Филиали Иттиҳодияи ҷамъиятии «Нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба ифтихори Рўзи Асои сафед (15 октябр) кумаки моддӣ, аз қабили маводи маишӣ расонида шуд.
Бо ташаббуси филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар н. Ёвон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷавонон Наврӯзи зиндагиянд» чорабинии фарҳангӣ- тӯйи суннатии 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор шуд.
“Чунин хатнасур дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби сохторҳои кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои 160 кӯдаки ятим доир карда шуд”,-илова намуд А.Абдуллозода.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






