Корҳои ободонӣ дар Турсунзода
Душанбе, 23.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Мо тамоми чораҳоро меандешем, ки фарҳанги шаҳрдории шаҳрвандони шаҳри Турсунзода дар сатҳи зарурӣ бошад ва шаҳр доимо тозаю озода ва ободу зебо бошад»,- иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти хабарӣ, ки дирӯз доир гардид. Ӯ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии шаҳр дар соли гузашта сухан ронда, зикр дошт, ки кишоварзон ҳосили фаровони ғалла, мева ва сабзавоти полезӣ рӯёнидаанд. Нақшаи кишти тирамоҳӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 110,9% иҷро гардид.
Варзишгарони шаҳри Турсунзода дар соли 2015 аз тамоми мусобиқаҳои варзишӣ 411 медал ба даст оварданд, ки аз ин 67 медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Кулли сокинони шаҳри Турсунзода барои истиқболи сазовор аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ саъю кӯшиши беандоза доранд. Бахшида ба ин санаи муборак якчанд иншооти ҷашнӣ сохта мешавад. Аз ҷумла, ғайр аз 7 иншоот боз ба истифодадиҳии хатти истеҳсоли сими мисин, сехи захира ва коркарди меваю сабзавот се бинои истиқоматии 5 ошёна, 2 бинои кӯдакистон, 1 муассисаи таълимӣ, дидбонгоҳи сарҳадӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба нақша гирифтаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






