Корҳои созандагӣ дар факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар Хуҷанд

Январь 14, 2016 12:22

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар факултети рақами 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Зимни боздид бо иштироки Рамазон Раҳимзода мағозаи фурӯши либосҳои низомию асбобу анҷоми хониш ва ошхонаи замонавӣ барои курсантони факултети мазкур ифтитоҳ шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ бо устодону курсантони факултети рақами 4-и Академияи ВКД вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо Фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон курсанти курси якуми факултети рақами 4-и Академияи ВКД, дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 1, 7, Омонҷон Очилов, ки ба наздикӣ дар мусобиқаҳои 5-умин чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид, бо медали «Аълочии милитсия» ва 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Инчунин аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба факултети мазкур як тафдони калони нонпазӣ ва маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ тақдим шуд.
Ҳамчунин соҳибкорони ватание, ки дар сохтмони мағоза ва ошхонаи замонавӣ саҳм гузоштаанд, аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардиданд.
Корҳои ободонию созандагӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида, онҳо дар таҷдиду навсозии биноҳои хизматию маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ нақши созанда доранд.
Ҳамчунин як қитъаи замин барои сохтмони бинои чорошёнаи факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ҷудо карда шуд.

Январь 14, 2016 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад