Кормандони МД «Хадамоти геофизикӣ» зиёда аз 18 ҳазор заминҷунбиро ба қайд гирифтанд
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ усули аз обҳои чоҳӣ ва техникӣ ҷудо намудани уранро бо истифодаи сорбентҳои нави самаранок коркард намуданд. Ин нуктаро имрӯз, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ президенти академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ироа намуд.
Ба гуфтаи президенти академия, олимон ва мутахассисони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо неругоҳи хурди обиро коркард ва аз озмоиш гузарониданд, ки он энергияи электрикиро дар батареяҳои электрохимиявӣ захира мекунад. Олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини низоми иттилоотии географӣ (ГИС) таҳқиқоти аз нигоҳи сейсмикӣ хатарноки марзи Тоҷикистонро идома доданд.
«Кормандони Муассисаи давлатии «Хадамоти геофизикӣ» мушоҳидаи пайдарпайи заминҷунбиҳои Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудудро тавассути пойгоҳҳои васеътасвири рақамии сейсмикии Чўянгарон, Ғарм, Ғезан, Иғрон, Шаҳритус ва Манем идома дода, 18072 заминҷунбиро ба қайд гирифтанд”,-илова намуд Ф. Раҳимӣ.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






