Маҷмӯаи илмии «Хусусиятҳои равандҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ -идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ» нашр гардид
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи илмии «Хусусиятҳои равандҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ — идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ»-ро дар ҳаҷми 352 саҳифа ба чоп расонид, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти илмии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардидааст. Дар маҷмӯа ҷанбаҳои мухталифи ҷараён ва равандҳои сиёсӣ ва идеологӣ дар замони муосир, заминаҳои ихтилоф ва бархурдҳои сиёсӣ дар кишварҳои исломӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани таъсири манфии бархурди унсурҳои миллӣ ва динӣ дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Маводи ин китоб барои коршиносони бахшҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






