Мардуми Благовешенск аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон шоданд

Январь 30, 2016 11:53

Благовешенск, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шаҳри Благовешенск дар қисмати шимолу шарқии Шарқи Дури ФР, дар соҳили чапи дарёи бузурги Амур ҷойгир буда, аҳолиаш зиёда аз 584 ҳазор нафар мебошад. Сарҳади байни Благовешенск ва Ҷумхурии Мардумии Чин ҳамагӣ 522 м мебошад. Корхонаҳои калони коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли киштӣ ба буҷаи шаҳр даромади хуб меоранд. Дар баробари корхонаҳои калони саноатӣ бахши тиҷорат низ дар мавриди ба кор фаро гирифтани аҳолӣ ва таъхмин кардан бо маҳсулоти ниёзи аввали мардум аҳамияти муҳим доранд. Соҳаи тиҷорат дар ин шаҳр аслан бо ворид шудани мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо вусъати тоза пайдо кард.
Тавре ки аз суҳбат бо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Благовешенск Раҳмат Аҳмадов бармеояд, бештари ҳамватанонамон дар ин шаҳр ба воридоти меваю сабзавоти Тоҷикистон машғуланд, ки барои рушду такомули равобити дуҷониба, баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷи соҳаи боғу токпарварӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест. Мо бо роҳбаладии Раҳматҷон Аҳмадов ва дигар аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон, ба мисли Хазаралӣ аз бозорҳо ва марказҳои савдои Благовешенск дидан кардем. Ҳар ҷое, ки мерафтем ва аз харидорон дар мавриди сифату тамъи меваҳо мепурсидем, бо як овоз ҳатман тамъу лаззати меваҳои хушку тари Тоҷикистонро тавсиф мекарданд, зеро онҳо ба хубӣ медонанд, ки дар шароити офтобии Тоҷикистон меваҳо дар шароити табиӣ пухта мерасанд ва табиист, ки дар тамъу лаззат нотакрор буда, аз ҷиҳати фоиданокӣ низ барои саломатии инсон муфид мебошанд.
Чанд тан аз занону мардони русе, ки барои харид ба маркази савдо омада буданд, чун фаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистонем, бо эҳтироми хоса дар бораи ҳамватанонамон сухан карда, бештар дар бораи одобу эҳтироми тоҷикон нисбат ба калонсолон, хайрхоҳиву озодарӯзгории онҳо ҳарф мезаданд. Зимни суҳбат Раҳмат Аҳмадов иброз кард, ки дар баробари дигар ҳамватанон, даҳҳо донишҷӯёни тоҷик аз тариқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои олӣ ва касбии шаҳри Благовешенск сарбаландона таҳсил карда истодаанд. Ҷамъияти тоҷикон пайваста бо донишҷўён робитаи ҳамкорӣ дошта, дар ҳар як иду чорабинӣ донишҷўён фаъолона ширкат варзида, бо намоиши расму мусаввараҳои Тоҷикистон ва либосҳои миллии тоҷикона мардумро каме ҳам бошад, бо табиати зебову дилпазири Ватанамон, расму оинҳои миллии тоҷикона ошно месозанд. Бисёре аз ҳамватанонамон дар ин шаҳр дорои ширкатҳои тиҷоративу сохтмонии хусусӣ мебошанд, ки дар онҳо асосан тоҷикон фаъолият мекунанд. Раҳматҷон иброз дошт, ки мо дар куҷое бошем, хуб медонем, ки бо номи Тоҷикистон як ватану як хонаи умед дорем. Дар ин гӯшаҳои Шарқи Дур кӯшиш мекунем бо рафтори накӯ ва барпо намудани чорабиниҳои фарҳангии миллиамон намуна бошем. Тавре ки моҳӣ бе об зиста наметавонаду нафас намегирад, мо низ бе Ватан ҳеҷем. Хулоса бароред, агар инсон доротарин фард ҳам бошад, вале бе ватану бе миллат чун дарахти бе решаву бе поя аст. Имрӯз мо шукронаи онро мекунем ва ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони моро дар саросари дунё чун кишвари офтобӣ, чун диёре, ки ба олам беҳтарин адибону олимонро, аз қабили Синову Рӯдакӣ, Хайёму Фирдавсӣ, Турсунзодаву Айнӣ ва садҳои дигар додааст, диёри афсонавие, ки дар он ба калонсолон эҳтироми хоса доранду меҳрофару зебоиофаранд, чун диёре, ки мардумонаш дар меҳмоннавозиву самимият назир надоранд, мешиносанд.
“Мо тоҷикони Благовешенск сарбаланду шукргузорем, ки имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як муддати на он қадар тўлонӣ як кишвари ҷангзадаи харобгаштаро ба як кишвари ободу зебо ва дар ҳоли рушд табдил диҳад. Ҳар боре, ки ба Ватан меравем, беш аз пеш ободиву пешравиҳоро дида, аз чашмонамон ашки шодӣ ҷорӣ мешавад”,- гуфт аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон Хазаралӣ Муродов.
Ҳамчунин Р. Аҳмадов илова намуд, ки Тоҷикистони мо дар як гӯшаи дур дар шароите қарор дошт, ки роҳи баромаду даромад қариб, ки набуд. Вале имрӯз ҳазорон шукри амониву тинҷии Ватан, ки маҳз бо сиёсати одилонаву ободкоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба чор самти дунё роҳ кушодааст ва ин суханҳоро ман бе ягон дудилагӣ мегўям- касе, ки ба қадри ин заҳматҳову ободиҳо намерасад, обу хоки Ватан кӯраш месозад, зеро дар чунин шароит обод кардан- ин худ қаҳрамонӣ, ҷавонмардиву олиҳимматист. Мо, тоҷикони вилояти Амур ҳамеша дар ҳама вохӯриву чорабиниҳои фарҳангиамон як нуктаро ёдрас мешавем, ки дар ин шаҳрҳои дур зиндагӣ кунем ҳам, вале ҳамеша дар фикри ободиву амонии Тоҷикистони азиз ҳастем ва ҳар хизмате бошад, барои Ватан дареғ намедорем, зеро ободиву сарсабзии Ватан- ин сари баланду ифтихори ҳар як ҳамватани бо нанг мебошад, ӯ хоҳ дар ФР бошаду хоҳ дар дилхоҳ гӯшаи дунё. Мо дар ин ҷо ҳастем, вале падару модар, хешу ақрабо дар Ватан зиндагӣ мекунанд ва тинҷиву амонии Ватан- ин тинҷиву амонии мо мебошад. Аз ин рӯ дар ин давраҳои ҳассос мо доимо бо ҷавонони тоҷик вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо мефаҳмонем, ки ҳамеша ҳушёр бошанду фирефтаи аҷнабиён нашаванд ва боиси ранҷу азоби худу пайвандонашон нагарданд. Ҳамчунин ба онҳо тавсия медиҳем, ки ба таҳсили илмҳои замонавӣ машғул шаванд. Ҳаёт ба инсон як бор муяссар мешавад ва онро тавре бояд гузаронид, ки аз худ номи неке барои авлоду аҷдод боқӣ гузоранд, то ворисонашон баъдан тавонанд, ки миёни одамон сархаму малул неву сарбаланду ифтихорманд бошанд.
Мо ҳар сол барои оилаҳои ниёзманд ва кӯдакони ятим ба миқдори кам ҳам бошад, кумаки моддӣ мефиристем. Инчунин барои сохтани роҳу синфхонаҳо кумак мерасонем ва инро ночиз ҳам бошад, як саҳми хурде дар ободии Ватан медонем.
Мо ба чеҳраҳои гарму самимонаи ҳамватанон, ба андешарониву бо меҳр сухан карданҳои онҳо нигариста, ифтихор аз он мекунем, ки ҳамватанони мо имрӯз бо дарки баланди хештаншиносиву ифтихормандӣ дар гӯшаҳои дурдасти кишвари Русия тавонистаанд як гӯшаи зебои Тоҷикистонро бо риояи ҳама расму оинҳои миллӣ бунёд созанду ба дигар халқиятҳо нишон диҳанду муаррифӣ намоянд, ки тоҷикон миллате ҳастанд қадимтарину соҳибтамаддун, ватандору ободкору зеборӯзгор ва дар ҳама ақсои олам нурофару ганҷофар, далер ва асилзодаву сарбаланданд.

Таҳияи Садбарг Боқиева

Январь 30, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд