Маркази ҳавосанҷии ҶТ: нимаи дуюми январ бо ҳавои соф оғоз меёбад

Январь 18, 2016 11:26

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 18 январ дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои соф дар назар аст. Ҳаво рӯзона 5 — 7 дараҷа гарм шуда, шамол суст мевазад.
Шабонарӯзи 19 январ ҳавои соф дар назар буда, ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2 — 4 дараҷа гарм мешавад. Шабонарӯзи 20 январ ҳавои соф дар назар буда, ҳаво шабона 1 — 3 дараҷа ва рӯзона 6 — 8 дараҷа гарм шуда, шамол суст мевазад.
21 ва 22 январ ҳавои соф дар назар буда, ҳаво шабона 4 — 6 дараҷа ва рӯзона 8 — 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои зикршуда ҳаво дар водиҳои минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 1 — 2 дараҷа хунук, рӯзона 7 — 9 дараҷа гарм, дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 0 — 3 дараҷа хунук, рӯзона 8 — 10 дараҷа гарм, дар водиҳои вилояти Суғд шабона 0 — 1 дараҷа хунук, рӯзона 3 — 5 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона 7 — 8 дараҷа ва рӯзона 2 — 3 дараҷа хунук, дар шарқи ВМКБ шабона 0 — 5 дараҷа хунук, рӯзона 2- 3 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе шабона 1 — 3 дараҷа ва рӯзона 5 — 8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 18, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд