Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба 577 адад ва шумораи кўдакон ба 88351 нафар расидааст
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои қиёсии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд”.
Э.Раҳмон. Аз Паёми соли 2015.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз Паёми соли 2015 то имрӯз теъдоди муассисаҳои таълимии томактабиро ба 577 расонида, шумораи кўдакон ба 88 351 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 31 муассиса ва 2574 нафар кўдак зиёд мебошад. Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 21 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1613 кўдак, вилояти Хатлон 127 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 14917 нафар, вилояти Суғд 237 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 37876 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 70 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 7640 нафар ва дар шаҳри Душанбе 122 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 26 305 нафар кўдак фаъолият менамояд.
Дар робита ба амалӣ гардидани «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар соли таҳсили 2011 аз 338 маркази инкшофи кўдакон бо фарогирии 6955 кӯдак дар соли 2015 ба 1619 адад бо фарогирии 35255 нафар расидааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар вилояти Хатлон 4 адад, Суғд — 27 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -8 адад ва дар шаҳри Душанбе 22 муассисаро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар вилояти Суғд 5 адад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 4 ва дар шаҳри Душанбе 6 адад муассисаи таълимии хусусӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






