Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Покистон
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
“Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ медиҳем” — таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф низ дар навбати худ изҳор дошт, ки «Дар вокеъ сафари давлатии ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле гарму самимӣ ва пурмуҳтаво буд. Зимни он суҳбатҳои судманд анҷом ёфта, доираи васеи масоили дуҷонибаи кишварҳоямон муҳокима шуд ва натиҷаҳои пурбор ба даст омаданд».
Ҷонибҳо ҷоннок намудани фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохторро, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис дода шудааст, амри зарурӣ донистанд.
Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ — сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 нақши басо муҳим дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон, ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадоти мо бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ шуд.
Дар охири гуфтушунид Муҳаммад Осиф ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки «бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати заминларзаи шадиди соли гузашта дар Бадахшон рухдода, ки дар натиҷаи он хисороти калон ба вуҷуд омад, расонам ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА пешниҳод намоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






