108 миллион доллари Арабистони Саудӣ барои навсозии 2 қитъаи роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб
Душанбе, 03.01.2016 (АМИТ “Ховар”).- Мамлакати Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки исломии рушд барои навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз 108 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Дар ин бора дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири молияи ин кишвар, Раиси Шӯрои мудирияти Фонди саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф иттилоъ дод.
Дар ин вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла дар партави тавофуқоти миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳосилгардида, баррасӣ шуд.
“Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дастгирии пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии олами ислом тадбирҳо меандешад ва бовар дорам, ки чораҳои мушаххас дар ҷодаи тавсеаи ҳамкории молиявию сармоягузории кишварҳои мо ҷавобгӯи чунин мавқеи хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвари Шумост”- таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба фаъолияти Фонди саудии рушд, ки лоиҳаҳои рушди Тоҷикистонро аз тариқи пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат маблағгузорӣ менамояд, баҳои арзанда дода шуд.
Зикр гардид, ки бунёди молиявӣ ва хайриявии Арабистон — Фонди саудии рушд, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз дар ҳаҷми 84 миллион доллари амрикоӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ бастааст. Ин маблағгузорӣ асосан ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо ва беморхонаи модару кӯдак равона шудааст.
Зимни гуфтугӯйи судманд ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи арсаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ таъкид доштанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои судбахши иқтисоди Тоҷикистон чун сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёду навсозии роҳҳо, истеҳсол ва коркарди маъданҳою маҳсулоти кишоварзӣ ва ба бахши обрасонӣ зоҳир гардид.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд






