Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хю Филпотт
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хю Филпотт мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавии сохтмони хаттҳои интиқоли барқ ва роҳҳои оҳану мошингард, мусоидат ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна табодули афкор намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






