Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар иҷро нашуд, сабаб чист?
Душанбе, 25.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Роҳбарияти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакат 25 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки Хадамоти гумруки кишвар дар соли сипаригардидаи 2015 ба Буҷети давлатӣ 3 миллиарду 617,2 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда, 483,4 миллион сомонӣ кам буда, ба 88,2 % нақша баробар аст. Ҳол он ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти молу воситаҳои нақлиёт дар соли 2015-ум 4 миллиарду 1 00,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Инчунин иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бе назардошти 50 фоизи маблағи хароҷоти гумрукӣ, ки барои нигоҳдории хадамот равона мегардад, 3 миллиарду 592,5 миллион сомонӣ ё 87,6 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 508,2 миллион сомонӣ кам мебошад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб -сардори Хадамоти гумруки кишвар 25 январ зимни нишасти матбуотӣ иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар коҳиши воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт, ки ба шиддат ёфтани бӯҳрони молиявӣ ва муташанниҷ гардидани авзои сиёсӣ дар кишвари ҳамҷавор -Афғонистон ва дигар омилҳо иртибот дорад, арзёбӣ намуд.
Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ афзуд, ки дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ба сарҳади гумрукии кишвар воридоти 10345 қатора ва 10152 мошин коҳиш ёфтааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд, ки тибқи омори гумрукӣ дар соли сипаригардидаи 2015 нисбат ба соли 2014 воридоти молу воситаҳои нақлиёт аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 863 миллион доллари амрикоӣ камтар сурат гирифтааст. Ва ба ҳисоби миёна пардохтҳои гумрукии он ба 1160,5 миллион сомонӣ ё 28,3 фоизи нақша баробар аст.








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






