Ноҳияи Б.Ғафуров: “Созандагони Ватан” ба сарбозон китоб ҳадя намуданд
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров барои афсарону сарбозони қисми низомии 14356 китобҳои бадеӣ тақдим намуданд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Ф.Ҳоҷиев бо зиндагонии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуда, дар суҳбат бо онҳо иброз намуд, ки роҳбарият, аъзо ва фаъолони ҳизб заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони далеру шуҷоъро эҳсос ва қадр менамоянд. Бо баробари адои хизмати модар — Ватан сарбозон ҷисман обутоб меёбанд ва бояд мо барои мутолиаи китобҳои бадеӣ барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварем, то ба ин васила онҳо дунёи ботинии худро ғанӣ гардонанд. Афсарону сарбозони қисми низомии 14356 аз ин туҳфаи барояшон гаронбаҳо ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки китобҳои бадеиро пурра мутолиа менамоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






