Ноҳияи Рӯдакӣ: 25 иншооти калони ҷашнӣ ва беш аз 200 иншоот сохта мешавад

Январь 29, 2016 16:44

Шаҳраки Сомониён, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 25 иншооти калони ҷашнӣ ва беш аз 200 иншооти дигар сохта хоҳад шуд, — иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гардид.
Заҳматкашони ноҳияи Рӯдакӣ соли сипаригардидаро бо натиҷаҳои қаноатбахш ҷамбаст намуданд. Дар ҳама категорияҳои ноҳия 60148 тонна ғалладона, 20263 тонна картошка, 65807 тонна сабзавот, 2631 тонна полезӣ, 863 тонна пахта, 895 тонна зағир, 6323 тонна мевагиҳо ва 287 тонна ангур истеҳсол шуд.
Маҷмааи фароғатии «Баҳористон», пайкараҳои «Модару кӯдак», насби шеру уқобон, ки рамзи таҳкими давлатдориро ифода мекунанд, ба маркази ноҳия шукӯҳу шаҳомат ва рангу таровати нав бахшиданд.
Дар партави бунёдкориҳо 151 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 65 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ таъмири ҷорӣ карда шуда, дар масофаи 2.6 км роҳ таъмири асосӣ бо мумгирии гарм гузаронида шуд.
Ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорон ва аҳолӣ 42 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллии ҳудуди деҳоти Зайнабобод, Лоҳур, Сарикиштӣ, Чоргултеппа, Русия ва шаҳраки Навобод сангфарш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки бо ибтикори раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ оғоз гардид, бо дастгирии соҳибкорон ва кулли мардуми ноҳия бомаром идома дорад.

Январь 29, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»