Нуробод: баррасии фаъолият зимни нишасти матбуотӣ
Нуробод, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-29-уми январ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки рӯзноманигорон ва масъулини ноҳия нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, фарҳангу адаб ва кишоварзӣ дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2014 маълумот дод. Дар нишаст рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои бунёди боғҳо, андози иҷтимоӣ, пардохти маоши кормандони соҳаи маориф, нафақаи шаҳрвандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия маълумоти мушахас гирифтанд.