Одамизод дар ҳама гуна вазъият имкони зиндагӣ карданро дорад!

Январь 16, 2016 12:44

Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар, яъне ифротгароӣ мубориза бурда, талош дорад, ки аз паёмади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бояд гуфт, ки  ҷон бохтани мардуми осоишта, хусусан насли наврасу занон, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист, харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот натиҷаи амалҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳост. Аз ин рӯ ҳар фардро мебояд дар ҳама ҷабҳаҳо зирак ва эҳтиёткор бошад ва бар зидди ин гунна амалҳои ногувор мубориза барад. Перомуни ин мавзӯъ бо равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов суҳбат доштем, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо мегардонем.

Ховар:  Бархе занони тоҷикро чӣ водор сохтааст, ки ватани осоишта, оилаи тинҷу ороми худро партофта, ба давлатҳои ҷангзада рафта истодаанд? Шояд яке аз омилҳо шароити пасти зиндагӣ бошад?

М. Давлатов: Ҳолатҳои зиёде мешаванд, ки занон шароити бади зиндагиро баҳона пеш меоранд, вале ин хато аст. Ман ба ин гуна зан-модар ҷавоб медиҳам, ки чаро ҳунар наомӯхтӣ, чаро маълумоти олӣ нагирифтӣ. Вақте ки шахс беҳунару  бесавод шуд, ӯ дар берун мемонад. Бинобар ин занҳо баҳона накунанд, ки вазъи зиндагӣ онҳоро барои ба ин гунна роҳҳо рафтан маҷбур кардааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки  занони зиёде ҷои кори расмӣ надоранд, манзурам кор мақомоти давлатист, вале бо касби дӯзандагӣ, пазандагию бофандагӣ зиндагиашонро пеш мебаранд. Шарт нест, ки ҳама кори давлатӣ кунад. Яъне инсон дар ҳама гуна вазъият имкони зиндагӣ карданро дорад ва бояд тавонад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунам нафаронеро, ки маъюбанд, ҳатто даст ё пой надоранд, аммо зиндагӣ карда истодаанд, барои пешбурди рӯзгори худ талош доранд. Аз ин рӯ ҳангоме нафареро мебинем, ки тани солим дораду қутти лоямут пайдо карда наметавонад, пас ин мушкилии ӯст, чунки аз болои худаш кор накардааст. Мо то кай шароити зиндагиро баҳона пеш меорем, дар ягон давлати дунё шароит якбора хуб нашуда буд ва намешавад, зеро ин номумкин аст. Мо бояд аз сулҳу суботи кишвари хеш шукрона кунем.

Ховар: Коршиносон омилҳои ба ифротгароӣ гаравидани ҷавононро гуногун арзёбӣ намудаанд, яке ақида дорад, ки онҳо саводи динӣ надоранд, дигаре меафзояд, ки саводи сиёсиашон паст аст, саввумин вазъи иқтисодиро баҳона пеш меорад. Шумо чӣ ақида доред?

М. Давлатов: Бале, яке вобастаи касе  мешаваду меравад,  дигареро  тафаккуру донишаш маҳдуд  аст. Он нафаре, ки тафаккури динӣ дошта бошаду тафаккури дунявӣ  не, дар он сурат ӯ ба он тараф меравад. Нафаронеро медонам, ки тафаккури аслии динӣ доранд ва мафҳумҳои ҷиҳод, биҳишт, фидоӣ, худкуширо таҳлил мекунанд ва медонанд, ки нашояд ба он ҷо раваму як мардуми дигареро нобуд кунаму ҷаннатулмаъво шавам.

Ман гумон мекуна ба ҷавонмардони тоҷик  ин гуна рафтор намезебад, ки ба хотири маблағи ночизе падару модар, зану фарзандро партофта, ба давлатҳое раванд, ки дар он ҷо ғайр аз қатлу куштор дигар чизеро мушоҳида кардан ғайриимкон аст. Яъне ҳамаи ин ҳолатҳо баргашта ба  тафаккури маҳдуди ҷавони имрӯза меоранд, зеро ин гуна ҷавонон ба таҳлилу таҳқиқи амиқи масъала сарфаҳм намераванд.

Ховар: Олимону коршиноси кишвар роҳҳои ҷилавгирӣ намудани ҷавононро аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гуногун арзёбӣ намудаанд. Дар ин бора шумо чӣ тавсия медиҳед?

М. Давлатов: Илми равоншиносӣ як формулаи хеле ҷиддӣ дорад, ки мегӯяд: «Инсон набояд тобеи вазъият шавад, балки ваъзиятро бояд тобеи худ гардонад ва муносибаташро бо вазъият дигар кунад, вазъият оҳиста-оҳиста тағйир меёбад, вале вобаста ба вазъият зиндагӣ карданро ёд гирифтан зарур аст».

Ман фикр мекунам, он нафаре, ки агар илму маърифат дошта бошад, дар вуҷудаш эҳтиром ба муқаддасоти  миллии ватан бошад, ҳеҷ вақт ин корро намекунад. Бинобар ин  дар ҳама ҳолат  ба насли ҷавони имрӯза зарур аст корҳои муайянеро анҷом диҳад, ки  фарогири мактаб ва илму маърифат бошанд ва аз илмҳои замонавӣ бархурдор   гарданд.  Роҳи зиндагӣ ҳамин аст, бартарафкунандаи ҳама гуна хатарҳо дар зиндагӣ- ин дониш аст. Дониш чароғи ҳидоят аст. Ин чароғро бигзор ҳар кас барои худаш афрӯзад, созад, соҳиб шавад, ҳеҷ кас наметавон барои ӯ ин чароғро диҳад. Дар дунё ҳеҷ коре нест, ки нашавад, фалсафаи зиндагӣ чунин аст. Мо метавонем пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро бигирем. Ҳар қадар хислатҳои неки инсониро дар вуҷуди насли наврас бедор созему аз ибтидо  ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, умуман тамоми муқаддасоти миллиро дар тафаккури онҳо ташаккул диҳем,  ҳеҷ гоҳ чунин ҷавонмард ватанашро партофта, ба як ватани бегона, ки пур аз ҷангу ваҳшоният аст, намеравад. Агар ҷавонон ормонҳои миллати худро донанд, он гоҳ дилхоҳ падидаи номатлубро ба хубу бад ҷудо мекунанд ва мавқеи худро нисбат ба ин хатарҳо равшан баён карда метавонанд.

 

Мусоҳиб Моҳинави Наврӯз

 

 

 

 

Январь 16, 2016 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад