Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Шаби 28 ба 29-уми декабри соли 2015, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, сокини 23-солаи шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо якчанд намуд телефонҳои мобилии гуногунтамға, ҷамъ ба маблағи 10645 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 11 январ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ду навраси 16-солаи сокинони Конибодом, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ дастгир гардиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кормандони милитсия тавонистанд як ҷинояти дуздии дигарро ошкор намоянд. Шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2015, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ “Софтлаб”, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф)-и коргоҳ маблағи пулӣ; 1850 доллари амрикоӣ, 6000 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 247000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба ҷинояти дуздӣ ду сокини 23-солаи шаҳри Душанбе дастгир шуданд.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






