Озмуни хирадмандону ҳозирҷавобон дар Хуҷанд
Хуҷанд, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар кохи фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳ Рӯдакии вилояти Суғд озмуни хирадмандону ҳозирҷавобон доир гардид. Мақсад аз ташкили чорабинӣ татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ташвиқу тарғиби забони русӣ буд. Дар озмун, ки пурра бо забони русӣ сурат гирифт, се даста- «Лига справедливости»-и ТҶ Маркази илмӣ- маърифатии «Эҳёи маънавият», «Правилние очки»-и муассисаи таълимии ғайридавлатии «Ирфон» ва «Улибка»-и МТМУ№10 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Дастаҳо аз рӯи 5 шарт — муаррифии даста, намоиши саҳначаи ахлоқӣ, намоиши саҳначаи ҳаҷвӣ, хониши ифоданоки шеъри пандомӯз ва суруди хайрбодӣ донишу маҳорати худро намоиш доданд.
Аз рӯи холҳои бадастомада дастаи «Улибка»-и МТМУ№10 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми озмун, «Правилние очки»-и муассисаи таълимии ғайридавлатии «Ирфон» соҳиби ҷойи дуюм ва «Лига справедливости»-и ТҶ Маркази илмӣ- маърифатии «Эҳёи маънавият» соҳиби ҷойи сеюм гардид.