Паёми Пешвои миллат-сармашқи фаъолияти сокинони Тоҷикобод
Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -27 январи соли равон тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паём вохўрии судманд баргузор гардид.
Дар вохўрӣ муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён, намояндаҳои кумита М. Бобоева, С. Бухориева ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» Вилоят Маҷидова иштирок намуда, дар доираи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сухан гуфтанд.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рўҳияи хислатҳои наҷиби инсонӣ тарбия намоянд, то онҳо ояндасози фардои дурахшони миллату давлати хеш гарданд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд.