Р. Ҳакимзода: «95,7 ҳазор нафақахӯр рӯзҳои наздик бо кортҳои БДА «Амонатбонк» таъмин мегарданд»
Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Дар айни замон кортҳои нафақавии 8 филиали «БДА «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шумораи 95,7 ҳазор нафар омодааст ва дар рӯзҳои наздик дастраси нафақагирон гардонида мешаванд. Дар боқимонда 17 филиали бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ин иқдом тибқи нақшаи пешбинишуда дар соли 2016 амалӣ шуда, ҷараёни фарогирии пардохти нафақаи нафақагирони ҷумҳурӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ пурра ба итмом расонида мешавад»,- гуфт Ҳакимзода Руҳулло, раиси раёсати БДА «Амонатбонк» зимни нишасти матбуотӣ.
Роҳбари бонк илова намуд, ки бонк интишор, фардикунонии кортҳои пардохтии бонкӣ ва хизматрасониро тавассути банкоматҳои бонк ба нафақагирон ройгон ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои масъулини бонк, то ба имрӯз пардохти нафақаи нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар 44 филиали бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо теъдоди 434 ҳазор нафар ё 70,3%-и шумораи умумии нафақагирон фаро гирифта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






