Р. Олимов ба кори дигар гузашт
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Фармони Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод намудани Р. Қ. Олимов ба имзо расид.
Дар Фармони мазкур омадааст, ки Олимов Рашид Қутбидиннович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод карда шавад.
Мутобиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов аз январи соли 2016 ба ҳайси Котиби генералии СҲШ корро оғоз намуд. Р. Олимов дар ин вазифа Дмитрий Мезентсевро иваз намуд.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






