С. Хайруллоев ба сатҳи равобити фарҳангии Тоҷикистону Чин баҳои баланд дод

Январь 14, 2016 12:14

Душанбе, 14.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ мебошад». Ин матлабро Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар мулоқоташ бо Юе Бин -Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба густариши равобити илмию фарҳангии байни ду кишвар матраҳ гардиданд.
Сайдулло Хайруллоев ба дипломати чинӣ доир ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иттилоъ дода, зикр кард, ки рисолати асосии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳкими дӯстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангии миллати тоҷик бо дигар халқҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст. Ҳамзамон С. Хайруллоев таъкид кард, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси дипломатияи мардумӣ бо қавму миллатҳои мухталифе, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд ва бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ кор мебарад. Зикр шуд, ки алҳол дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 23 анҷумани дӯстӣ фаъолият дорад, ки анҷумани дӯстии Тоҷикистон -Чин аз ҷамъиятҳои фаъол маҳсуб мешавад. Дар мулоқот мусоҳибон ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷаворро босамар арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, сохтмони роҳу пулҳо, нақбҳо ва марказҳои барқу гармидиҳӣ аз тавсеаи равобити судманди ду кишвари ҳамҷавор шаҳодат медиҳанд.
Дар фарҷом Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳамкории судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя саъю талош хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки Юе Бин қаблан дар Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба ҳайси ёвари сафири Чин фаъолият намуда буд.

Январь 14, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд