С. Низомов: Донишҷӯёни ДСХ дар Озмуни ҷумҳуриявии туристию кўҳнавардӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- “Дар соли 2015 аз тарафи устодони донишкада 13 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, ду васоити таълимӣ, 3 брошюраи илмӣ, 421 мақолаи илмӣ нашр гардид. Аз ҷумла, донишкада 2 конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ, 3 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини ректор оид ба таълим Самариддин Низомов Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи масъулини донишкада, имрўз дар донишкада 48 нафар тадқиқоти илмӣ анҷом дода истодаанд, ки аз онҳо 27 унвонҷӯ, 15 аспирант ва 8 докторант (PhD) мебошанд.
“Донишҷӯёни ихтисосҳои туризм дар силсилаи чорабиниҳои Озмуни ҷумҳуриявии туристию кўҳнавардӣ, ки аз ҷониби Федератсияи кӯҳнавардон ва бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳумукати ҶТ гузаронида шуд, ду нафар донишҷўёни донишкада ҷои аввал ва дуюмро ишғол намуданд”,- қайд намуд Самариддин Низомов.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






