Садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар пойтахти кишвар
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар») — 17-уми январи соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел-зефира» ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Б. Ғафуров, тавассути кӯчаи Н. Махсум ҷониби кӯчаи А. Ғуломови пойтахт дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №36 бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, пиёдагард Азизов Ҳотамшо, сокини 51-солаи шаҳри Кӯлобро зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Бо кумаки шаҳрвандон Ҳотамшо Азизов ба беморхона расонида шуда, ронанда пас аз гузашти чор соати ҳодиса ба ШБДА РВКД шаҳри Душанбе барои тафтишот ҳозир карда шуд.
20-уми январ ронандаи мошини тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И. Сомонӣ ба аломати роҳ эътибор надода, ҳаракати худро идома додааст. Дар натиҷа мошини тамғаи «БМВ-745», рақами қайди давлатиаш 0777 ВР 07, ронандааш Сатторзода Аъзам Ҷамшед, соли таваллудаш 1992, ки аз кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба мошини ёрии таъҷилӣ бархурдааст.
Дар натиҷаи бархурди ду мошин кормандони беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи мошини тамғаи «БМВ» Ҳабибулло Турсунов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






