Садоқат Атаева-«Мураббии соли Тоҷикистон-2015»
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрўза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодии онҳо, омўзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа рўзҳои 21-23 январи соли 2016 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва кўдакистони 17 ноҳияи Сино марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2015» доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ 5 ғолиби даври вилоятии озмуни «Мураббии сол»- Садоқат Атаева (ширхоргоҳ кўдакистони №9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд), Гулчеҳра Олифтаева (ширхоргоҳ кўдакистони №5-и шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон), Сабзина Ғуломалиева (ширхоргоҳ кўдакистони №3-и шаҳри Хоруғи ВМКБ), Махфират Акрамова (хонаи кўдакони №1 шаҳри Душанбе), Шодигул Сафарова (ширхоргоҳ-кўдакистони №1 шаҳри Ваҳдат) ширкат намуда, тибқи шартҳои озмун дар муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, маҳорати баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, машғулияти таълимӣ, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара қувва озмуданд.
Дар натиҷа Садоқат Атаева -мураббии кўдакистон-ширхоргоҳи № 9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо соҳиб гардидани 198 хол ғолиби озмун дониста шуд.
Ғолиб ва иштирокдорони озмун бо туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






