Суғд: 1502 хатмкарда ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд

Январь 26, 2016 16:40

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Аз 33 ҳазору 015 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд 18 ҳазору 309 нафар аз қайд гузаштанд, ки ин 55,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз 18309 нафари ба қайдгирифташуда 2814 нафар хатмкардаи солҳои пешин буда, хатмкунандагони соли хониши 2014-2015 ҳамагӣ 15495 нафар дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштаанд, ки ин баробари 46,9 фоиз аз теъдоди умумии хатмкунандагон мебошад. Яъне, беш аз 50 дарсади хатмкунандагони мактабҳо бо вуҷуди ба маҳалли истиқомат наздик будани нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ аз ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худдорӣ намудаанд. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 16887 довталаб иштирок намуда, 14310 нафар соҳиби холҳои гузаришӣ гардиданд, ки ин 84,7 фоизро ташкил медиҳад. Бо сабабҳои мухталиф 1422 довталаби азқайдгузаштаи шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Исфара, Чкалов, Қайроққум, Шаҳристон, Спитамен, Айнӣ, Зафаробод ва Кўҳистони Мастчоҳ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ширкат наварзиданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин раванд хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов холҳои гузаришро бештар соҳиб шуданд. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 2577 довталаб аз як-ду ва ё се фанни имтиҳонӣ холи гузаришро соҳиб нашуданд. Ҳол он ки вобаста ба кластерҳо холҳои гузаришӣ ё ҳадди ақал аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик — 6, математика — 5, таърихи халқи тоҷик — 6, физика 4-5, география — 5, забони хориҷӣ — 4, таърих — 5-11, асосҳои давлат ва ҳуқуқ -11 хол муайян гардида буданд. Гузашта аз ин, бинобар нокифоягии баллҳо, нодуруст, тасодуфӣ ва таваккал интихоб намудани ихтисосҳо 2718 довталаб бо вуҷуди ду маротиба баргузор гардидани тақсимоти такрорӣ ба сафи донишҷӯён шомил шуда натавонистанд.
Умуман, соли 2015 тавассути Маркази миллии тестӣ 11592 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2014 -ум 3242 нафар зиёд мебошад. Инчунин мувофиқи маълумот, 1502 хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик дохил шудаанд.

Январь 26, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»