Суди вилояти Суғд: 7 аъзои оилаи Раҳматовҳо маҳкум гардид

Январь 29, 2016 16:43

Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Суди вилояти Суғд қисмати ниҳоии мурофиаи судии айбдоршавандаҳо-оилаи Раҳматовҳоро, сокинони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҷура Зокир, № 303, ки дар якчанд ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус ва бо истифода аз яроқи оташфишон, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, дуздӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон, бандитизм ва дигар намуд ҷиноятҳо гумонбар дониста шудаанд, баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки оилаи мазкур солҳои 2005-2015 бо истифода аз силоҳҳои оташфишони тамғаҳои «Макаров» ва «Калашников» якчанд ҷинояти махсусан вазнин, аз қабили ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва куштор бо бераҳмии махсус, аз ҷумла, 28 декабри соли 2011 куштори падару писар -Бурҳоновҳо, кормандони нуқтаи ивази асъор, сокинони шаҳри Хуҷанд ва 2 июни соли 2013 куштори аҳли оилаи 5 нафараи Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевич, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро содир намудаанд.
Суд нисбат ба 7 нафар аъзои оилаи Раҳматовҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, ҳукм кард, ки ба Раҳматов Олим Ваҳобович як умр, Раҳматова Адиба Ҳомидхуҷаевна ба муҳлати 30 сол, аъзои дигари оила -Раҳматова Сарвиноз Муҳиддиновна, Раҳматов Ваҳҳоб, Раҳматов Атҳамҷон Муҳиддинович, Раҳматов Қиёмиддин Олимович ба муҳлати 28 солӣ ва Раҳматов Валӣ Ваҳҳобович ба муҳлати 7 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шавад.

Январь 29, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»