Т. Каримзода: Хадамот барои ҷустуҷўи бозори иловагии меҳнат тадбирҳои зарурӣ меандешад
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони мамлакат оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федералии Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бояд пурзўр карда шаванд”,-гуфт муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзоев дар маҷлиси ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷират, имрӯз 15 январи соли равон. Абдусалом Мирзоев зикр намуд, ки дар ҳалли шумораи аниқи шаҳрвандон, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, корҳо бояд ҷоннок карда шаванд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода изҳор намуд, ки Хадамоти муҳоҷират новобаста аз душвориҳои ҷойдошта, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, ҷустуҷўи бозори иловагии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ, забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ, омўзиши тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар, вусъати равобит бо ҷамъиятҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат корҳои ташкилӣ, иттилоотию фаҳмондадиҳиро вусъат дода, назорати риояи қонунгузории миллиро аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ба роҳ монда, барои танзими масъалаҳои муҳоҷират чораҳои амалӣ ба сомон мерасонад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






