Тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ
Душанбе, 21.01.2016. («Ховар»).-Барои тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия нақшаи корӣ таҳия намуда, мутобиқи он мулоқот гузаронида истодааст.
Имрӯз дар заминаи ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ вохӯрӣ бо фаъолони ҳизб, занони барӯманд, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд. Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ Маҷидов А, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Ф.Ҳоҷиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД Бобоева Д. ширкат варзиданд.
Муовини раиси ташкилоти ибтидоии минтақа Д. Осимова дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Инчунин роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров Ф. Ҳоҷиев бобати мазмуну мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хосатан вобаста ба дастгирии ҷавонон ҳарф зада, гуфт, ки мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ хушнуд аз он ҳастем, ки дар чунин шароити тинҷиву осудагӣ фаъолият менамоем. Ҳамаи ин маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Сарвари давлат дар ҳама баромадҳои хеш, мо, ҷавононро ояндаи миллат меномад. Ӯ дар Паёми имсола низ таъкид кард, ки бо ҷавонон ифтихор мекунад ва мо низ бояд ба ин сазовор бошем.
Мо ки дар арафаи ҷашни 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, бояд тамоми неруву тавоноии хешро барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ гузаронидани ин санаи таърихӣ равона созем.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






