Таъсиси магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Январь 12, 2016 17:18

Душанбе,12.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Соли 2015 бори аввал дар кишвар магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» таъсис дода шуд, ки дар он 26 довталаб қабул гардиданд. Ҳамзамон дар соли сипаригардида дар Донишкадаи маълумоти дуюм аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ва «Идоракунии ҳайат» ба роҳ монда шуд, ки 48 нафар довталаб дар асоси озмун қабул гардида, рӯзи 5 январи соли равон таҳсили онҳо оғоз гардид»,-гуфт ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Абдулхолиқзода Лутфия имрӯз зимни нишасти матбуотӣ
Инчунин Абдулхолиқзода Лутфия зикр намуд, ки сохтмони бинои нави 12 ошёнаи донишкада, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба нақша гирифта шудааст, идома дошта, дар назар аст, ки дар таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода шавад.

Январь 12, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид