Тоҷикобод: 26 лоиҳа ба маблағи 5 млн. 853 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид
Тоҷикобод, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ташкилоти сармоягузории хориҷӣ 26 лоиҳа ба маблағи умумии 5 млн. 853 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод 4 лоиҳа амалӣ гардид. Аз ҷумла, таъмири канали Сари пул-Зарафшон ба маблағи 269 ҳазор сомонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Сари най ба маблағи 90,5 ҳазор сомонӣ, кашидани хатти оби нўшокии деҳаи Лангари шоҳ ба маблағи 137 ҳазор сомонӣ, таъмири 2 синфхонаи Литсейи касбӣ-техникӣ ба маблағи 128,5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳия ба маблағи 625,8 ҳазор сомонӣ корҳо амалӣ шуданд.
Дар маҷмӯъ аз тарафи Хазинаи Оғохон дар соли 2015 дар ҳаҷми 811 ҳазору 861 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои сохтмони биноҳои мактаби замонавии 2-ошёнаи дорои 8 синфхона ба маблағи 3 млн. 636 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоташон пурра ба анҷом расида, ба истифода дода шуданд.
Инчунин аз ҳисоби сафорати Ҷопон 586 ҳазор сомонӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, аз тарафи ташкилоти «Ҳайати шафқат» барои соҳилмустаҳкамкунӣ 39 ҳазору 712 сомонӣ ва аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии Нилоб барои дастгирии оилаҳои муҳоҷирон бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Норвегия ва ташкилоти байналмилалии Фидокор ба 6 лоиҳа, аз ҷумла таъсиси 2 сехи қаннодӣ, барномаи мурғпарварӣ, барномаи бузпарварӣ ва барномаи парвариши гов бо маблағи умумии 153,5 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда, корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.