Уфуқҳои нави ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Вазорати таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ мебошад.
Дар Ёддошт гуфта мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ бо назардошти азми муштарак ба таҳкими робитаҳои дўстона ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои маориф ва илм дар асоси ғояҳои баробарӣ ва манфиати мутақобила дар доираи табодули барномаву маводи таълимӣ, таҳқиқоти илмии муосир, омўзиши низоми таҳсилоти олии касбии якдигар, табодули омўзгорону донишҷўён, баргузор намудани рўзҳо ва ҳафтаҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, баргузории конфронс, симпозиум ва ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
Бояд зикр намуд, ки чор санади дигар, аз қабили Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ низ ба имзо расидаанд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






