Вазорати фарҳанг барои беҳтарин сенарияи ҷашнӣ озмун эълон мекунад
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади дар ҷараёни омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои фархундаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба корҳои созандагиву ободонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин сенарияҳоро барои ин чорабиниҳо эълон менамояд.
Аз ҷумла, сенарияи баргузории барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ва сенарияи баргузории барномаи театрикунонидашуда бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Озмун 30 марти соли 2016 ҷамъбаст мегардад. Барои беҳтарин сенария 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст.
Муаллифоне, ки дар озмун иштирок менамоянд, сенарияро (ду нусхаи чопӣ ва нусхаи электронӣ) ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






