Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба суолҳоятон посух хоҳад дод

Январь 21, 2016 10:27

Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Пагоҳ, 22 январ соати 14:00 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовинон, сардорони хадамоту раёсатҳои вазорат ва дигар масъулин иштирок хоҳанд кард.
Ҳамаи ВАО ватанию хориҷӣ, аз ҷумла хоҳишмандон метавонанд дар ин нишаст иштирок намуда, ба суолҳои худ посух гиранд.

Январь 21, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш