Вилояти Хатлон қариб ба 3 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб ниёз дорад

Январь 26, 2016 16:38

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-“Дар Паёми имсола ба соҳаи тандурустӣ диққати бештар дода шуд ва ин боиси ифтихор ва қаноатмандии кормандони соҳаи тиб ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ мебошад”,-гуфт ректори ДДТТ Убайдулло Қурбон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи ректори донишгоҳ таъсиси боз як муассисаи касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон иқдоми хуб буда, кормандони донишгоҳ онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
“Агар мо имкон медоштем, дар ҳамаи вилоятҳои кишвар чунин муассисаҳои таълимии тиббиро ифтитоҳ мекардем. Зарурати таъсиси муассисаи касбии тиббӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки мутаассифона, таъминот бо табибон дар вилояти Хатлон хеле паст аст. Агар дар тамоми ҷумҳурӣ беш аз 17 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб фаъолият кунанд ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ таъминот бо табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 20,8 дарсад бошад, пас дар вилояти Хатлон он 11 дарсад аст”,-илова намуд Убайдулло Қурбон .
Ба гуфтаи мавсуф имрӯз ба 10 ҳазор нафар аҳолии бештари ноҳияҳои Хатлон, аз қабили Темурмалик, Балҷувон ва Н.Хисрав 3-4 мутахассиси соҳаи тиб хизмат мерасонад. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон қариб 3 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб намерасад. “Сабаби дар Хатлон таъсис додани Муассисаи касбии тиббӣ маҳз он аст, ки аҳолии Хатлон сол то сол нуфуз меёбад ва имрӯз дар вилоят зиёда аз 3 млн нафар зиндагӣ мекунад”,-гуфт ректори ДДТТ.
Ба гуфтаи ректор муассисаи тиббии навтаъсис бо омӯзгорони ботаҷрибаи соҳаи тиб пурра таъмин хоҳад гашт. “Пас аз ифтитоҳ дар муассиса танҳо 200-300 донишҷӯи соли аввал қабул мешаванд ва таъмини ин миқдор донишҷӯ бо омӯзгор мушкилӣ ба бор нахоҳад овард. Бо гузашти сол ва дар мавриди зарурат муассиса бо омӯзгорон пурра таъмин мешавад”,-зикр намуд ректор.

Январь 26, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»