Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Рита Тиотиа

Январь 15, 2016 09:46

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 14 январи соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ хонум Рита Тиотиаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд ва роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ барои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими робитаҳо миёни вазоратҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Январь 15, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд