Ёрии башардӯстонаи ҳукумати Озарбойҷон ба Тоҷикистон оварда шуд
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба манзури дастгирии рафъи оқибати зилзилаи шадид, ки 7 декабри соли гузашта дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон рух дод, ёрии башардӯстона, ки бо дастури Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ин кишвар ирсол шудааст, аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба сохтмон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ дар маросими қабули ёрии башардӯстона аз номи ҳукумат ва халқ ба ҳукумати Озарбойҷон изҳори сипос намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ёрии ҳукумату халқи Озарбойҷони бародарро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов гуфт, ки ёрии башардӯстонаи ҳукумати Озарбойҷон аз дӯстии таърихии халқҳоямон шаҳодат медиҳад.
Сафир изҳор дошт, ки баъди ба даст овардани истиқлолият сарвари умумимиллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва Президенти Тоҷикистон, Пешвои халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии муносибатҳои дӯстонаи миёни Озарбойҷону Тоҷикистонро гузоштанд.
Дар маросим зикр шуд, ки ёрии башардӯстонаи арзиши умумиаш 800 ҳазор манот иборат аз 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, 15 тонна биринҷ, 3 тонна чой, беш аз 16 тонна равғани растанӣ, 19 тонна орд, 19 тонна макарон, беш 18 тонна вермишел, 2000 адад рахти хоб (болиш, кампал, рӯҷоӣ), 50 генератор, 110 хайма, 600 метри мураббаъ маводи бомпӯшӣ (шифери фулӯзӣ) ва 30 метри мукааб тахта тавассути мошинҳои боркаш оварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадид 7 октябри соли гузашта дар вилоят 1327 бино хароб шуда, ё ҷиддан зарардида, қариб 100 нафар аз манзилгоҳ маҳрум гардиданд. Ғайр аз ин иншоотҳои сершумори иҷтимоӣ ва китобхонаю мактабҳои кишвар зарари ҷиддӣ диданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






